- дона
- [دانه]1. тухми ғалла, базр; ғалла (исми ҷомеъ); осиёб болои дона мегардад (зарб.); ғаллаву дона ғаллаҳо (исми ҷомеъ); дона бастан пайдо шудани ҳосили ғалла дар хӯшаю саракҳои ҷаву гандум, ҷуворимакка ва ғ. ; дона бастани саракҳо, шира гирифтани донаҳо2. нум. воҳиди чизҳои ғелак ва гирд, ки ягонягон шуморидани онҳо мумкин аст; адад: донаи ангур, донаи гавҳар, донаи марворид, донаи ҷав, даҳ дона тухм, як дона харбуза, як дона гул3. мӯҳраи шоҳмот (хусусан пиёда) ва дигар чизҳо (чӯт, тасбеҳ ва ғ.)4. маҷ. қатра, чакра: дона(ҳо)и ашк, дона(ҳо)и борон, дона(ҳо)и шабнам; дона-дона а) якто-якто; як-як; б) донабайъ (дар фурӯш); в) чида-чида, фаҳмо, бурро (сухан гуфтан)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.